Қатъи кӯмакҳои ЮСАИД ба Тоҷикистон иҷрои баъзе аз барномаҳои имдодӣ дар кишварро ба мушкил дучор кардааст.
Оё Исроил метавонад таъсисоти ғанисозии Фордуро ҳадаф гирад? Агарчӣ гумоназаниҳо дар ин бора зиёд шудааст, коршиносон шубҳа доранд, ки ҳатто «бомбҳои нуфузкунанда»-и амрикоӣ тавонанд ба мустаҳкамтарин таъсисоти атомии Эрон бирасанд.
Мақомоти исроилӣ мегӯянд, бомдоди панҷшанбе як мушаки эронӣ ба бемористони асосӣ дар ҷануби Исроил бархӯрда, теъдодеро маҷрӯҳ карда, вайронии густурдае барҷой гузоштааст.
Раҳбари олии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ рӯзи чоршанбеи 18 июн дар посух ба паёми Доналд Трамп, президенти Амрико, ки ба "таслими бечунучаро"-и Эрон даъват кард, гуфт, мардуми Эрон "ҳеҷ гоҳ таслим намешавад".
Дар шашумин рӯзи ҷанге, ки Исроил бо Эрон оғоз кард, ду тараф аз зарбаҳои нав ба ҳамдигар хабар медиҳанд.
Як додгоҳи Душанбе 9 сокини маҳаллаи “Дарвоз” дар ин шаҳрро бо гуноҳи ифротгароӣ ва таъсиси созмони ифротгаро ва пинҳон доштани ҷиноят ба мӯҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум кардааст.
Дар рӯзи шашуми даргирӣ миёни Исроил ва Эрон, ҳамлаҳои мутақобил идома карданд. Ҳар ду тараф аз ворид кардани хисорот ба якдигар суҳбат мекунанд.
Ҷанги Исроил ва Эрон, ки бо ҳамлаҳои Исроил ба иншооти ҳастаӣ ва низомии Эрон сар шуд, дар Тоҷикистон нигарониҳои зиёдеро ба миён овардааст.
Як устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд охири ҳафтаи гузашта дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд фавтидааст.
Вақте Исроил ба сокинони Минтақаи 3, яке аз маҳаллаҳои сарватманду пурғавғои Теҳрон, ҳушдор дод, ки инҷоро тарк кунанд, чун ҳадафи ҳамла хоҳад буд, биму изтироби мардуми ҳаросон бештар шуд.
Вакилони мардумии Русия бо баҳсу баррасии зиёд ва баёнияҳои олуда ба таҳқир дар ҳаққи муҳоҷирон тарҳи қонунеро қабул карданд, ки мактабҳоро ӯҳдадор месозад, ҳамаи иттило дар бораи фарзандони муҳоҷиронро ба вазорати умури дохилӣ бидиҳанд.
Каролайн Левит, сухангӯи ҳукумати Амрико гуфт, раисҷумҳур Доналд Трамп, нишасти гурӯҳи G7 дар Канада ро зудтар тарк карда ва ба Вашингтон бозмегардад, то ба «корҳои муҳими бисёре» расидагӣ кунад.
Ёфтҳои бештар