Дар изҳороте, ки 5 март дар саҳифаи ин созмон нашр шуд, омадааст, ки 61 дарсади барномаи миллии мубориза бо вируси заъфи масунияти бадан дар Тоҷикистон аз ҳисоби манбаъҳои хориҷӣ маблағгузорӣ мешавад.
Аз ин ҳисоб, сармояҳои ҳукумати ИМА тахминан 20% буда, дуюмин азимтарин сармоягузори барномаҳои ин созмон Бунёди глобалии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа (Global Fund to fight AIDS, Tuberculosis and Malaria) дониста мешавад.
Ин созмон, ба таъкиди UNAIDS, 40% тамоми тарҳҳоро маблағгузорӣ мекунад. Саҳми дигар ҷонибҳо ночиз аст, мегӯяд ин ниҳоди СММ.
Барномаи мубориза бо СПИД-и СММ менависад, ҳукумати ИМА шарики калидии барномаҳои ин созмон аст ва ёриҳои он, аз ҷумла, барои тақвияти кори озмоишгоҳҳо, огоҳонидани мардум аз василаҳои пешгирии олудашавӣ ба ин сироят, ҷамъоварии маълумот ва ҳам таъмини ҳамгироии гирифторони вируси заъфи масунияти бадан бо ҷомеа бисёр муҳим мебошад.
Ёриҳои ҳукумати ИМА, ба навиштаи UNAIDS, барои фаъолияти созмонҳои мадании машғули мубориза бо СПИД ҳам бисёр муҳим аст. Боздошта шудани сармояҳои USAID ба кори созмонҳои ҷамъиятӣ таъсири ҷиддӣ хоҳад гузошт.
USAID оҷонсии мустақили ҳукуматии Амрико аст, ки соли 1961 аз ҷониби Конгресс ташкил шуда, дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон амал мекард. Дар давоми беш аз сӣ соли истиқлолияти ИМА тавассути ин созмон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 2 миллиард доллар кӯмак кардааст.
Мақомот дар Тоҷикистон гуфтанд, баъди боздошта шудани ироаи ёриҳои ин оҷонсӣ бояд дар фикри пайдо кардани сармояҳои нав шаванд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Додгоҳи олии ИМА қарори масдуд кардани $2 млрд пулҳои USAID-ро бекор кардТоҷикистонро бе ёриҳои байнулмилалӣ чӣ интизор аст?Посухи маъмурияти Доналд Трамп дар бораи USAID ба додгоҳUSAID баста шуд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамкори нав меҷӯядБо таваққуфи кори USAID ҳукумати Тоҷикистон сармоягузор меҷӯяд