Аввалин тасвирҳо аз Форду баъди ҳамлаи Амрико

Баъд аз ҳамлаи Амрико ба се ниҳоди ҳастаии Эрон, аввалин тасвирҳои моҳвораӣ аз таъсисоти ҳастаии Форду нашр шуд. Дар аксҳо дида мешавад, ба қаторкуҳҳое, ки Форду ҷойгир аст, беруни маҷмаа ва даромадгоҳи нақбҳои зеризаминӣ осеб расидааст.

Ҳанӯз ҳаҷми дақиқи хисорот маълум нест.

Қаблан Ҳасан Обидини, муовини раиси Садо ва симои Эрон гуфта буд, ин кишвар урани ғанишударо аз се ниҳоди ҳастаӣ, ки ҳадафи ҳамлаи Амрико қарор гирифтанд, берун бурда буд.

Хабаргузории “Ройтерс” ба нақл аз суҳбати телевизиони Обидини навиштааст, "захираи урани ғанишуда аз марказҳои ҳастаӣ хориҷ карда шуд, онҷо маводе боқӣ нагузоштем, то агар ҳадафи ҳамла қарор гиранд, сатҳи ташшашуъ (радиатсия) боло наравад ва ҳамватанони мо зарар набинанд."

Доналд Трамп субҳи 22-юми июн дар паёме ба мардуми Амрико эълом кард, ки ниҳодҳои ҳастаии Форду, Натанз ва Исфаҳони Эрон ба таври комил нобуд шудаанд. Трамп дар ин муроҷиаташ гуфт, "ҳадафи мо нобуд кардани тавоноиҳои ҳастаии Эрон ва рафъи таҳдиди ҳастаист, ки тавассути бузургтарин ҳомии терроризми ҷаҳон Эрон эҷод шудааст."

Маҳдӣ Муҳаммадӣ, мушовири раиси порлумони Эрон гуфтааст, Теҳрон ҳамла ба ниҳоди ҳастаии Фордуро пешбинӣ мекард ва барои ҳамин кормандон ва урани ғанишударо ба дигар ҷой интиқол дод. Муҳаммадӣ гуфтааст, хисороти ҳамлаи Амрико ҷуброннопазир нест. Тасдиқи дурустии ин ҳарфро феълан ғайримумкин аст.

Ширкати Maxar, ки ба дидбонӣ ё мониторинги моҳвораӣ машғул аст, ду рӯз қабл аз ҳамлаи Амрико ба таъсисоти Форду, ҳаракати ғайримуқаррариро дар ин макон мушоҳида кард.

Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ (МАГАТЭ) мегӯяд, дар пайи ҳамлаҳои Амрико нишонае аз боло рафтани сатҳи ташшашуъ (радиатсия) дар Эрон мушоҳида нашудааст.

Тибқи эълони раиси ҷумҳури Амрико, ҳавопаймоҳои ин кишвар шаби 21 ба 22-юми июн ба 3 иншооти ҳастаии Эрон -- Форду, Натанз ва Исфаҳон ҳамла карданд. Трамп ин ҳамлаҳоро "бисёр муваффақиятомез" номид.

Доналд Трамп дар муроҷиаташ ба мардуми Амрико гуфт, "имшаб метавонам ба ҷаҳон эълон кунам, ки ин ҳамлаҳо як муваффақияти низомии чашмгир буд. Таъсисоти калидии ғанисозии ҳастаии Эрон комилан аз байн рафтааст.”

Раиси ҷумҳури Амрико таҳдид кард, ки агар Эрон фавран сулҳ накунад, ба суроғи ҳадафҳои дигар хоҳанд рафт.

"Эрони зургӯ дар Ховари Миёна ҳоло бояд сулҳ кунад. Агар накунад, ҳамлаҳои оянда бисёр бузургтар хоҳанд буд. Ин вазъият наметавонад идома пайдо кунад. Ё сулҳ барқарор мешавад ё фоҷиае барои Эрон рух медиҳад, ки бисёр бузургтар аз он аст, ки дар ҳашт рӯзи гузашта дидем. Ёдатон бошад ҳадафҳои зиёде боқӣ мондааст,"-афзуд Доналд Трамп.

Вазири корҳои хориҷии Эрон аввалин мақомдори эронӣ буд, ки ба ҳамлаи Амрико вокуниш кард. Аббос Ароқчӣ дар саҳифааш дар шабакаи X (Твиттер) навишт, ки "Эрон тамоми гузинаҳоро барои дифоъ аз ҳокимият, манофеъ ва мардуми худ ҳифз мекунад."

Ароқчӣ навишт, Амрико ба унвони узви доимии Шӯрои амнияти Созмони Милал бо ҳамла ба таъсисоти "сулҳомез"-и ҳастаии Эрон, маншури СММ, қонунҳои байнулмилалӣ, азҷумла Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаиро поймол кардааст. Ӯ ҳамлаи бомдоди якшанберо "такондиҳанда ва нанговар" хонд, ки "пайомадҳои мондагор хоҳад дошт."

Видеоро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Доналд Трамп гуфт, се ниҳоди асосии атомии Эронро нобуд карданд

Оҷонси энержии атомии Эрон пас аз изҳороти Доналд Трамп тасдиқ кардааст, ки таъсисоти ҳастаии Форду, Натанз ва Исфаҳон ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Оҷонс ин ҳамлаҳоро "амали ваҳшиёна, хилофи қонунҳои байнулмилалӣ, бахусус Паймони манъи густариши силоҳи ҳастаӣ" номид.

Намояндаи Қум дар порлумони Эрон муддаӣ шудааст, ки "таъсисоти ҳастаии Форду осеби ҷиддӣ надидааст, асосан он қисматҳое зарар диданд, ки рӯи замин буданд ва қобили эҳё мебошанд."

Хабаргузории Ҷумҳурии исломии Эрон ба нақл хабарнигори худ дар "атрофи Форду" навиштааст, ки "афроди маҳалли наздик ба Форду нишонаҳое аз инфиҷори шадид эҳсос накарданд."

Ҳамлаи ИМА ба таъсисоти ҳастаии Эрон вокунишҳоеро дар пай дошт.

Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони милал бо нашри баёнияе гуфт, ҳамлаи ахири Амрико буҳронро дар минтақа бештар мекунад. "Хатари афзояндае вуҷуд дорад, ки ин даргирӣ бо суръат аз назорат хориҷ мешавад ва ба пайомадҳои фоҷеъабор барои ғайринизомиён, минтақа ва кулли ҷаҳон сабаб мешавад.”

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил аз ҳамлаи Амрико ба таъсисоти ҳастаии Эрон ситоиш карда гуфт, иқдоми Доналд Трамп "таърихро тағйир хоҳад дод."

Исроил рӯзи 13-уми июн таъсисоти атомӣ ва фармондеҳону раҳбарони олирутбаи эронро ҳадаф гирифт ва сипас Эрон ба ин ҳамлаҳо ҷавоб дод. Як созмони ҳомии ҳуқуқи башар, ки дар Вашингтон қароргоҳ дорад, гуфтааст, ки дар Эрон 657 нафар кушта шудаанд. Теъдоди талафоти дақиқи исроилиён дар даст нест, вале мақомоти ин кишвар рӯзи 20-уми июн гуфтанд, ки теъдоди кушташудагон дар ҳамлаҳои Эрон ба 25 нафар расидааст.

Дар ҳамин ҳол рӯзномаи "Ню Йорк Таймз" ба нақл аз як мақоми амрикоӣ, ки нахост номаш фош шавад, навишт, ки зарба ба се ниҳоди ҳастаии Эрон дар рӯзи шанбе тамом шудааст. Ин мақом гуфт, ки интизор намеравад, ки ҳамлаҳои бештар анҷом шавад, агарчӣ фармондеҳон омодаи посухгӯӣ ба ҳаргуна ҳамлаҳои ҷавобии Эрон ҳастанд.

Амрико дар ҳоле ба иншооти ҳастаии Эрон ҳамла мекунад, ки пештар Теҳрон аз оқибатҳои бади ин кор ҳушдор дода буд. Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ рӯзи чоршанбе 18 июн дар паёми телевизионӣ таҳдид карда буд, ки "ҳама гуна мудохилаи низомии Амрико, бидуни шак, бо садамаи ҷуброннопазир ҳамроҳ хоҳад буд."

Доналд Трамп борҳо гуфтааст, ба Эрон иҷозаи доштани силоҳи ҳастаӣ намедиҳад. Эрон ҳамеша гуфтааст, ки барномаи атомияш ғайринизомист ва дунболи даст ёфтан ба силоҳи ҳастаӣ нест.