"Силоҳи бефоида". Оё Эрон талош кардааст, ки соҳиби бомби ҳастаӣ шавад?

Зарбаҳои Исроил ва Эрон ба ҳамдигар пас аз таҷовузи Исроил ба хоки Эрон дар рӯзи 13-уми июн идома доранд. Акнун сухан аз “таслими бечуну чаро” меравад, ки ба тағйири низоми Ҷумҳурии Исломӣ ишорат мекунад. Ҳамлаи Исроил бо иддаои он оғоз гирифта буд, ки Теҳрон дар чанд рӯз ё ҳафтаи дигар соҳиби силоҳи атомӣ хоҳад шуд. Ин иддао солҳо садо медод, аммо пештар сухан аз моҳҳо мерафт.

Сафири Исроил дар Созмони Милал Дэннӣ Данон дар остонаи оғози амалиёти Исроил гуфт, ки Эрон рӯзҳои наздик "барои чанд кулоҳаки ҳастаӣ мавод хоҳад сохт". Як баёнияи расмии Оҷонси Байнулмилалии Назорати Ҳастаӣ ё МАГАТЭ ба ин оташ рӯған рехт, ки дар он гуфта мешуд, Эрон шарҳ дода натавонист, ки чӣ гуна дар намунаҳо аз иншооти ҳастаияш изи уране пайдо шуд, ки то дараҷаи таслиҳотӣ ғанӣ гаштааст. Бунгоҳ ҳамчунин Эронро гунаҳкор кард, ки натавонист ба як силсила пурсишҳо посух диҳад.

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, рӯзи 19-уми июн раиси МАГАТЭ Рафаэл Гроссиро барои нашри ин изҳорот дар "хиёнат ба режими паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ" айбдор кард, он ҳам пас аз мусоҳибаи Гроссӣ бо телевизиони CNN ва эътирофи ин ки дар воқеъ идораи ӯ "ҳеч далели талошҳои системавии дастёфт ба силоҳи ҳастаӣ [аз тарафи Эронро] дар даст надорад".

Рафаэл Гросси, раиси МАГАТЭ

Идораи истихбороти Амрико, ба фарқ аз Исроил, иддао дорад, ки Эрон барои сохтани кулоҳаки ҳастаӣ чанд соли дигар даркор дорад ва барномаи таслиҳоти ҳастаии Эрон воқеан боздошта шудааст. Чунончӣ моҳи март мудири нави истихбороти миллии Амрико Тулси Габбард ҳамин тавр гуфт, аммо рӯзи 17-уми июн Доналд Трамп гуфт, ки "ба ӯ фарқе надорад, ки вай чӣ гуфтааст". Габбард ба ҳамоиши Шӯрои амнияти миллӣ дар масъалаи Эрону Исроил, ки 8-уми июн дар Кэмп-Дэвид барпо гардид, даъват нашуд.

Арзёбии коршиносони мустақил дар бораи он ки зарбаҳои Исроил ба иншооти ҳастаӣ ва куштори физикдонони эронӣ то куҷо барномаи ҳастаии Эронро ақиб андохт дар қиёс бо баҳои исроилиҳо низ ба маротиб муҳофизакоронатар аст. Исроил бе ёрии ИМА тавони онро надорад, ки ба баъзе иншооти зеризаминӣ, аз ҷумла корхонаи зеризаминии ғанисозии уран дар Форду осеби ҳалокатовар расонад.

Доналд Трамп ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки чунин кумакро расонад ва бо вуҷуди талаби “таслим” ба ҷойи “созиш” ҳамоно равзанаи ҳалли осоиштаи масъаларо барои режими охундӣ боқӣ гузоштааст. Ӯ рӯзи 19-уми июн гуфт, барои чунин тасмим ду ҳафта вақт мехоҳад.

Тарсу ҳарос аз дастёбии зудраси Эрон ба бомби атомӣ то куҷо асос дорад ва то ҳоло Исроил ба барномаи ҳастаии Теҳрон чӣ зарба расонд, баромадани Эрон аз паймони зидди густариши аслиҳаи ҳастаӣ чӣ хатар дорад ва оё Русия метавонад ба умури ҳастаии Эрон ёрӣ кунад? Ин масъалаҳоро Бахши русии Радиои Озодӣ бо корманди илмии Пажӯҳишгоҳи халъи силоҳи СММ ва раҳбари тарҳи “Таслиҳоти ҳастаии Русия” Павел Подвиг дар миён гузошт.

"Хидмати хирсона"-и сахтгирии МАГАТЭ

Павел Подвиг: “Ба назари ман, ҳеч асос барои изҳорот дар бораи омодагии Эрон ба тавлиди силоҳи ҳастаӣ ва зиёда аз ин “ба якқадамии сохтани он” расидани Эрон вуҷуд надошт, чӣ монад ба изҳороти Исроил, ки гуё Эрон омодагӣ дорад, онро ба кадом террористоне диҳад (дар ин замина сарвазири Исроил Бенямин Нетанаяҳу гуруҳи дастомӯзи Эрон аз ҳусиҳои Яманро ном гирифта буд - РО). Мо дақиқ медонем, ки Эрон барномаи эҷоди силоҳи ҳастаӣ дошт, вале инро ҳам дақиқ медонем, ки бино бар маълумоти истихбороти Амрико ин барнома дар соли 2003, яъне беш аз 20 сол пеш боздошта шуд. Бори охир инро хадамоти иктишофии ИМА дар моҳи марти соли 2025 тасдиқ кард. Ҳеч гоҳ чунин ҳолат набуд ва нест, ки одамон дар “Лос Аламос”-и шартии эронӣ” ё “Арзамас-16” нишаставу мунтазири интиқоли урани то дараҷаи силоҳ ғанишуда бошанд, то онро зуд ба силоҳи ҳастаӣ табдил диҳанд.”

Корхонаи зеризаминии ғанисозии уран дар Форду, Эрон. Тасвири моҳвораӣ аз 12-уми феврали 2025

Радиои Озодӣ: Дар остонаи ҳамлаи Исроил як қарори Шӯрои мудирони МАГАТЭ баромад, ки Эрон ӯҳдадориҳои марбут ба кафолатҳои худро бар пояи созишномаи манъи густариши силоҳи ҳастаӣ иҷро намекунад...

Павел Подвиг: “Расман ҳамин тавр аст, вале дар ин қатънома сухан аз ҷанбаҳое меравад, ки ба бахши таслиҳотии барнома дахл надоранд. Барои намуна, яке аз онҳо сарнавишти миқдори муайяни урани табиӣ аст, ки Эрон дар авоили солҳои 2000 эълом карда буд. Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи Эрон, мебоист дар анборҳои он 10 кило урани табиӣ вуҷуд медошт, лек МАГАТЭ ба хулосае омад, ки уран он ҷо бештар аз ин аст. Аммо ин урани табиӣ аст. Дар он ҳуҷҷат ҳамин гуна иддао дар мавриди маконҳои дигар низ вуҷуд дорад ва бе посухҳои рӯшани Эрон ба ҳамаи пурсишҳо МАГАТЭ наметавонад хулосаи расмӣ нашр кунад, ки ҳама чизи барномаи ҳастаии Эрон рӯ ба роҳ аст ва ҳамаи маводи ҳастаӣ дар Эрон сулҳомезанд. Лек чунин изҳорот маънои онро надорад, ки дар Эрон ягон барномаи низомӣ кашф карда шуд, ки аз ин мавод истифода мекунад. Назорати МАГАТЭ бар Эрон дар чаҳорчӯби аҳдномаи соли 2015 (Тарҳи муштарак ва ҳамаҷонибаи амалҳо) ба андозаи кофӣ сахт аст. Пиндоштан, ки дар чаҳорчӯби он бунгоҳ мумкин аст, хато ё саҳлангорӣ карда, чизеро надида бошад, воқеӣ нест.”

Радиои Озодӣ: Вале урани то 60 дарсад ғанишуда, агар барои силоҳ нест, ба чӣ дарди Эрон мехӯрад ва чунин уранро бунгоҳ кашф намуд. Ва бо чӣ ангезаҳое Эрон аз ҷавоб додан ба пурсишҳои пешовардаи МАГАТЭ худдорӣ кард?

Павел Подвиг: “Воқеан, мо аз ҳамон Оҷонси Байнулмилалии Назорати Ҳастаӣ шунидем, ки Эрон тавонистааст беш аз 200 кило урани 235-и то 60% ғанишударо ҷамъ кунад, аммо ҳатто ин ҳам танҳо имкони назариявиеро медиҳад, ки фикр кунем Эрон дар кадом ояндае ин уранро барои сохтани силоҳи ҳастаӣ ба кор мебарад. Аз нигоҳи назариявӣ, ғанисозии то 60% метавонад бо он асоснок карда шавад, ки барои реактори тадқиқотӣ лозим аст, аммо дар амал, албатта, аз ҷониби Эрон ин паём дода шуд, ки дар ҳолати зарурӣ онҳо соҳиби имконияте барои тавлиди маводи таслиҳотӣ шудаанд. Бобати сабабҳои посух надодан ба суолҳои МАГАТЭ, чунин сабабҳо метавонанд гуногун бошанд, аз он гирифта, ки сухан аз воқеаҳои 20 сол пеш меравад ва ҷузъиёти корҳои он давра мумкин гум шуда бошанд. Ғайр аз ин, ман истисно намекунам, ки Эрон намехоҳад тамоми ҷузъиёти барномаи силоҳи ҳастаии то соли 2003-и худ, давраи расман боздошта шудани онро фош кунад. Ба пиндори ман, дар ҷо сахтгирии қоидаҳои МАГАТЭ хидмати хирсона кардаанд. Ҳамин гуна ҳолат дар вақташ бо барномаи ҳастаии Африқои Ҷанубӣ рӯй дода буд. МАГАТЭ бобати он суолҳое дошт, ки муддати зиёд беҷавоб монданд. Он гоҳ созмон тасмим гирифт, санҷишҳои иловагӣ нагузаронад, зеро кишвар бо он ҳамкории пурра ва ҳамаҷониба дошт. Қарор шуд, ягон суоли иловагӣ дода нашавад, аз ҷумла бобати истихроҷи урани табиӣ. Ба фаҳмиши ман сабаб дар он буд, ки чунин пурсуҷӯ метавонист роҳро ба кадом кишварҳои дигаре боз кунад, ки намехостанд, дар ин таҳқиқот ном бурда шаванд. Маълум аст, ки Эрони соли 2025 Африқои Ҷанубии солҳои 1991-1992 нест, аммо ин гуна масъалаҳо бояд бо назардошти шароит ҳал шаванд. Эрон ҳамонест, ки ҳаст ва бархӯрд ба он бар пояи сиёсат ва иқдомоти мақомоти ин кишвар шакл мегирад. Дар ин ҷо даъво бо МАГАТЭ душвор аст.”

"Эрон чанд соли дигар ба ақиб ронда шуд"

Радиои Озодӣ: Оё зарареро, ки Исроил ба барномаи ҳастаии Эрон расондааст (бар асоси изҳороти Рафаэл Гроссӣ) метавонед арзёбӣ кунед?

Павел Подвиг: "Дар мавриди иншооти рӯйизаминии ғанисозии уран. Аз тасвирҳои моҳвораӣ дида мешавад, ки таъсисоти Натанз дар ҳақиқат осеб дидааст. Зеристгоҳҳо ва истгоҳҳои эҳтиётӣ, ки барқи онро таъмин мекарданд, низ нобуд гаштанд. Дар Натанз коргоҳҳои зеризаминӣ низ ҳастанд, аммо ба назар мерасад, ки онҳо мавриди ҳамлаи бевосита қарор нагирифтаанд. Аз сӯйи дигар, дар мавриди бахши зеризаминӣ, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки дар натиҷаи бас шудани таъмини барқи асосӣ ва эҳтиётӣ, сентрифугаҳо "мурдаанд".

Таъсисоти Натанз, тасвири моҳвораӣ аз Maxar Technologies

Ҳеч кас интизор надорад, ки бар асари ин ҳамлаҳо радиоактив паҳн шавад. Ҳамон тавр, ки Гроссӣ дуруст ишора кард, хатари асосӣ олудагии кимиёӣ аст. Гексафториди уран ва таркибҳои дигари кимиёӣ бисёр заҳролуд ва муҳоҷим ҳастанд. Бо вуҷуди ин, касоне, ки махсус омӯзиш дидаанд, метавонанд бе душворӣ бо ин масъала мубориза баранд ва ҳангоми поксозии вайронаҳо худро ҳимоя кунанд. Дар мавриди Форду, корхонаи муҳими дигари ғанисозӣ, он хеле амиқ дар зери замин ҷойгир аст. Исроил то ҳол ҳатто кӯшиши ҳамла ба он накардааст.

Сентрифугаҳо дар корхонаи зеризаминии ғанисозии урани Фордо, соли 2019

Илова бар ин, рӯзе пеш аз ҳамлаи Исроил, вақте қатъномаи Оҷонси Байнулмилалии Назорати Ҳастаӣ (МАГАТЭ) нашр шуд, Эрон изҳор дошт, ки як корхонаи дигари ғанисозиро бо сентрифугаҳо таъмин хоҳад кард. Маълум нест, ки сухан дар бораи иншооти зеризаминӣ меравад ё не. Дар Исфаҳон, чунон ки дар гузориши МАГАТЭ низ ишора шудааст, як корхонаи табдили ураниюм, ки дар ҳоли сохтан буд ва ҳанӯз ба кор андохта нашуда буд, нобуд карда шуд. Ин корхона гексафториди уранро ба шаклҳои дигар табдил медод, аз ҷумла пайвастагиҳои фтордори уранро ба метал ё филиз. Ин метал як бахши занҷираии истеҳсоли унсурҳои сӯхт барои реакторҳо мебошад."

Радиои Озодӣ: Агар бо сол ё моҳҳо ҳисоб кунем, Эрон дар натиҷаи ин ҳамлаҳо то чӣ андоза дар рушди барномаҳои ҳастаии худ ба ақиб ронда шуд?

Павел Подвиг: "Ин вобаста аз он аст, ки Эрон то чӣ ҳад мехоҳад ҳамаи инро барқарор кунад. Агар чунин ирода дошта бошад, пас, фикр мекунам, мо дар бораи чанд соли ангуштшумор гап мезанем. То ҷое медонам, истеҳсоли худи сентрифугаҳо низ дар як марҳила аз ҷониби Эрон зери замин интиқол дода шудааст. Агар ҳамлаҳои Исроил идома ёбанд, ин равандро душвор мекунад, аммо ба назари ман, дар ҳолати иродаи қавӣ, Эрон қобилияти ташкили барқарорсозии барномаи ҳастаиро дорад. Дигар масъала ин аст, ки чаро? Ва оё Эрон инро мувофиқ мешуморад ё не?"

"Русияро наметавон бетараф донист, аммо…"

Радиои Озодӣ: Русия чанд бор ба Иёлоти Муттаҳида пешниҳод кардааст, ки дар музокирот бо Ҷумҳурии Исломӣ ва ҳифзи урани ғанисозишудаи Эрон дар ин кишвар миёнравӣ кунад. Иттиҳоди Аврупо изҳор дошт, ки Русия дар ин масъала миёнарави мустақил нахоҳад буд. Пеш аз ҳама, бинобар ҳамкориҳои наздики низомӣ бо Эрон дар ҷанг алайҳи Украина. Шумо дар бораи ин имконот чӣ фикр доред ва оё Русия метавонад, масалан, пинҳонӣ ба Эрон дар сохтани силоҳи ҳастаӣ мадад кунад?

Павел Подвиг: "Бале, Русия бо чанд сабаб наметавонад омили бетараф ба шумор равад, аммо дар масъалаи интиқоли урани ғанишуда ба он ҷо, ба назари ман, Маскав метавонад шарики боэътимод бошад. Бо шарофати таҷриба ва салоҳиятҳои худ. Ман дар мавриди ҳаргуна ёрии эҳтимолии Русия ба Эрон дар сохтани силоҳи ҳастаӣ шубҳаи ҷиддӣ дорам. Ба пиндори ман, дар бахши атомии Русия дарк мекунанд, ки ин фанновариҳо муносибат ё бархӯрди вижаро талаб мекунанд."

"Силоҳи ҳастаӣ дар бисёр маврид бефоида аст"

Радиои Озодӣ: Доштани силоҳи ҳастаӣ барои як давлат дар ҷаҳони муосир чӣ қадар ҳаётӣ аст? Агар Эрон воқеан мехост онро бисозад, пас, бо чӣ ҳадафе? Барои пешгирӣ аз тағйири режим? Ва ё барои ҳамла ба Исроил, ки агар масалан як мушак бо кулоҳаки ҳастаӣ раҳгирӣ мешуд, метавонист пайомади фоҷиаборе барои минтақаи Ховари Миёна ва худи Эрон биорад? Бе ин ҳам силоҳи ҳастаӣ аллакай дар ихтиёри баъзе аз режимҳои диктаторӣ, аз ҷумла Куриёи Шимолӣ вуҷуд дорад. Дар ихтиёри Покистон низ ҳаст, ки онро низ наметавон дӯсти Исроил номид.

Мушаки Шоҳин-III-и Покистон, ки ба ҳамли кулоҳакҳои ҳастаӣ қодир аст. Шаҳри Исломобод, 23-юми марти соли 2022

Павел Подвиг: "Ман бо ин розӣ ҳастам, ки силоҳи ҳастаӣ дар бисёр маврид бефоида ва барои кишвари соҳиби он ҳатто зараровар аст. Агар Эрон дар охири солҳои 90 ва аввали солҳои 2000 кӯшиш намекард, ки барномаи ҳарбии ҳастаии худро таъсис диҳад, ҳоло вазъи сиёсӣ ва иқтисодии хеле беҳтаре медошт. Ин барномаи Эрон бисёре аз кишварҳоро дар Ховари Миёна ва берун аз он дар муқобили Ҷумҳурии Исломӣ гузошт. Агар кӯшиши дастёбии Эрон ба тавлиди силоҳи ҳастаӣ намебуд, шояд таҳримҳо низ вуҷуд надоштанд ё ба ин ҳад сахт намешуданд ва мухолифати ҳамоҳангшудаи ҷаҳонӣ зидди Эрон низ шояд ба миён намеомад. Ҳама аз изҳороти Эрон дар бораи нобуд кардани давлати Исроил нигарон ҳастанд ва ин низ нақши худро дар ташкили чунин мухолифат бозид. Идеяи таҳдиди истифодаи силоҳи ҳастаиро мо аллакай дар мавриди Украина дидем ва чунин суҳбатҳо сабаби эътирози кишварҳои гуногун гашт. Пурра рӯшан нест, ки агар Эрон силоҳи ҳастаӣ медошт, чӣ кор мекард. Албатта, Куриёи Шимолӣ чунин силоҳ дорад ва бисёриҳо мегӯянд, маҳз ба ҳамин далел ба он ҳуҷум намекунанд ва ё кӯшиши вожгун кардани режими Кимро надоранд. Ман ҳамеша мегӯям, аз соли 1953 то 2006 чанд бор саъй карданд, ки ба Куриёи Шимолӣ ҳамла кунанд ва Пхенян аввалин инфиҷори ҳастаиро кай анҷом дод? Инки ба Куриёи Шимолӣ ҳуҷум намекунанд, умуман ба силоҳи ҳастаӣ пайванд надорад.

Дар мавриди истифодаи эҳтимолии силоҳи ҳастаӣ. Агар Эрон дар сохтани он муваффақ шавад, ягона коре, ки ин силоҳ метавонад анҷом диҳад, куштани зиёди одамон аст. Ба назари ман, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз метавонад басеҷ шавад ва барои ҳар кишвар фаҳмонад, ки қатли даҳҳо ҳазор кас онро комилан хориҷ аз қонун ва мавриди муҳосира ва маҳкумияти умум қарор медиҳад. Мо бояд бо ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Русия ва Чин ҳамкорӣ кунем, то ин фаҳмиш ҳифз шавад.”

Дуд дар ғарби Теҳрон пас аз ҳамлаи Исроил

“Созишнома пеш аз ҳама худи Эронро муҳофизат мекунад”

Радиои Озодӣ: Рӯзҳои охир гузоришҳое нашр шуданд, ки Маҷлис ё порлумони Эрон тарҳи хуруҷ аз Паймони Манъи Густариши Силоҳҳои Атомиро омода мекунад. Дертар раисҷумҳур ва порлумони Эрон хабарро рад карданд. Агар ин амалан рух диҳад, пайомадҳои чунин тасмим чӣ хоҳанд буд?

Павел Подвиг: “Вақте Эрон ба созишнома ҳамроҳ шуд, нияти сохтани силоҳи ҳастаӣ надошт. Дар як лаҳза, қисман дар посух ба ҷанги Ироқу Эрон, онҳо корро дар ин самт шуруъ карданд, вале аллакай узви созишнома буданд. Эҳтимол, умед доштанд, ки метавон баъзе таҳқиқотро дар чаҳорчӯби созишнома анҷом дод ва воқеан ин имконпазир буд. Аммо дар натиҷа ҳамаи ин маълум гардид ва раванди фошсозӣ оғоз ёфт. Рӯшан аст, ки чаро дар дохили Эрон даъватҳо барои баромадан аз созишнома садо медиҳанд, вале то даме ки Эрон дар он мемонад, имкони исбот кардани қонунмандии фаъолияташро ба ҷаҳониён дорад. Агар онҳо аз ин созишнома берун шаванд, ин имконро аз даст медиҳанд. Ман умед дорам, ки дар Эрон мефаҳманд, ки Паймони Манъи Густариши Силоҳҳои Атомӣ пеш аз ҳама онҳоро муҳофизат мекунад.”

Радиои Озодӣ: Агар фарз кунем, ки Эрон дар ҳақиқат дар остонаи сохти силоҳи ҳастаӣ будааст, чӣ ҷойгузине барои ҳамлаи низомии Исроил метавонист вуҷуд дошта бошад?

Павел Подвиг: “Лозим аст, ниҳодҳо ва созукорҳое эҷод шаванд, ки набояд ба ҳеч кишвар имкони тавлиди силоҳи ҳастаӣ бидиҳанд. Ин корро метавон бо равишҳои гуногун анҷом дод. Созишномаи ҳастаии соли 2015 байни Эрон ва қудратҳои ҷаҳон як қадами муҳим дар ин масир буд, ки назорати сахттари Эронро имконпазир мекард. Бале, ин маънои онро дошт, ки Эрон метавонад имкони тавлидро дошта бошад, вале ин танҳо “имконият” аст ва лозим буд, Эрону кишварҳои дигар дарк кунанд, ки беҳтар аст онро ба силоҳи воқеӣ табдил надиҳанд. Ба назари ман, ин ки ё бояд Эронро бомбаборон кард, то ба бомби ҳастаӣ даст наёбад ва ё бояд ором нишасту иҷозат дод, то онро бисозад, интихоби нодуруст аст. Зарур аст, шароите фароҳам оварда шавад, то Эрон дарк кунад, ки надоштани силоҳи ҳастаӣ барояш беҳтар аст. Ҷанг хуб нест. Шумо меравед, вайрон мекунед, мекушед, аммо сулҳ ва нигоҳ доштани он раванди бисёр мураккаб аст.