Аббос Ароқчӣ барои ширкат дар нишасти СҲИ ба Истанбул рафт

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон.

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон барои иштирок дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ, субҳи 21 июн вориди Истанбул шуд.

Ӯ дар оғози сафараш дар Истанбул ба хабарнигори телевизиони расмии Эрон гуфт, ки ин нишаст аз қабл барномарезӣ шуда буд, аммо пас аз ҳамлаҳои Исроил ба Эрон, "мо дархост кардем, ки як нишасти вижа дар робита бо ин мавзуъ баргузор шавад, ки пазируфта шуд".

Вазири корҳои хориҷии Эрон ҳамчунин гуфт, ки мулоқотҳои дуҷониба низ бо ҳамтоёни худ, ки ба Истанбул рафтаанд, хоҳад дошт.

Як манбаъ дар Вазорати корҳои хориҷии Туркия қаблан гуфта буд, ки интизор меравад, ки дар ҷаласаи 51-уми Шӯрои вазрони хориҷии Созмони ҳамкориҳои исломӣ, ҳамлаи Исроил ба Эрон баррасӣ шавад.