Додгоҳи Боку хабарнигори Радиои Озодиро ба 9 сол зиндон маҳкум кард

Фарид Меҳрализода, хабарнигори бахши озарии Радиои Озодӣ.

Додгоҳе дар Озарбойҷон рӯзи 20 июн Фарид Меҳрализода, хабарнигори бахши озарии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва иқтисоддонро, ба 9 сол зиндон маҳкум кард.

Додгоҳи ҷиноятҳои вазнини Боку рӯзи 20 июн Меҳрализода ва шаш хабарнигори дигарро муҷрим донист, ки ҳама гунаҳкор будани худро рад карданд. Меҳрализода гуфт, ки ин ҳукм мустақиман ба хотири гузоришҳои интиқодии ӯ барои бахши озарии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, содир шудааст.

Меҳрализода дар сухани ниҳоии худ дар додгоҳ гуфт, ӯ мефаҳмад, "ҳукме, ки шумо хоҳед хонд, ҳукми додрасҳо нест, балки ҳукми онҳое хоҳад буд, ки ба ҳабси мо дастур додаанд."

Ӯ афзуд, "агар бихоҳанд, метавонанд барои мо ҳукми ҳабси абад содир кунанд, ё ҳатто қонуни ҷазоро тағйир диҳанд, ҳукми қатлро барқарор кунанд ва моро барои қатл кардан бифиристанд. Зеро дар кишварҳое, ки волоияти қонун нест ва додгоҳ истиқлолият надорад, равандҳои додгоҳӣ чизе беш аз як "лабханди сохта" аз сӯи ҳукуматҳои худкома нест".

Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар ин ҳукмро маҳкум карданд ва созмони Гузоришгарони бидуни марз гуфт, ки ин парванда "масхара кардани адолат аст".

"Мо бо Фарид, ки дар муқобили зулм ҷасорати фавқулода ва ошкори ахлоқӣ нишон додааст, ибрози ҳамбастагӣ мекунем",-гуфтааст Анн Боканде, мудири созмони Гузоришгарони бидуни марз.

Ин созмон хостори озодии бе қайду шарти Меҳрализода ва рӯзноманигорони Abzas Media шуд ва аз кишварҳои демократӣ хост, ки Озарбойҷонро барои ин ҳамла ба озодии матбуот, посухгӯ кунанд.

Меҳрализода аввалин бор 30 майи соли 2024 боздошт шуд. Он замон маъмурони амниятӣ ӯро ба замин хобонданд, ба сараш чодар кашиданд ва дар гӯшаш гуфтанд, ки "зиёд гап мезанӣ".

Рӯзи 1 июни соли 2024 додгоҳи Боку Меҳрализодаро дар робита ба парвандаи мақомоти Озарбойҷон алайҳи "Абзас Медиа" ба иттиҳоми "дастгирӣ барои қочоқи асъори хориҷӣ", ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Пас аз ин боздошт, "Абзас Медиа" баёнияе содир кард ва изҳор дошт, ки Меҳрализода ҳеҷ рабти мустақим бо ин расона надорад ва яке аз таҳлилгарон аст, ки назарҳояш дар вебсайти он нашр шудааст.

Улви Ҳасанли, бунёдгузори "Абзас Медиа" ва Севинч Аббосова, сармуҳаррири ин расона низ ҳар ду рӯзи 20 июн ба 9 сол зиндон маҳкум шуданд.

Муҳаммад Кекалов, як корманди ин расона шаш солу ҳафт моҳ, муҳаррири хабаргузории "Турон" Ҳафиз Боболи панҷ сол ва хабарнигорон Наргис Абсаломова ва Элнора Гасимова ҳар яке ҳаштсолӣ, ҳукм гирифтанд.

Стив Капус, президенти Радиои Аврупои Озод Радиои Озодӣ дар баёнияе гуфт, "Фарид ҳоло ҳам хеле чизҳоро аз даст додааст. Ӯ беш аз як сол аст, ки беасос дар боздошт аст. Маҳрум кардани ин мард аз ҳуқуқҳояш, бераҳмист. Ба ҷойи идома додан ба ин намоиш, вақти он расидааст, ки Фаридро ба хонаводааш баргардонем".

Меҳрализода дар таҳлиҳои иқтисодии худ пайваста вобастагии Озарбойҷон ба нафту газро танқид карда, омори расмии бекорӣ ва фақрро зери суол бурдааст.

Ӯро дар оғоз ба қочоқ муттаҳам карданд, аммо баъдан ба парвандаи ӯ иттиҳомҳои дигар, аз ҷумла, соҳибкории ғайриқонунӣ, сарпечӣ аз андоз, қочоқи гурӯҳӣ ва тақаллуби санадҳо, илова шуд. Иттиҳомҳое, ки ӯ ва тарафдоронашон сохта ва дорои ангезаи сиёсӣ медонанд.

Гулноза Саид, ҳамоҳангкунандаи барномаи Аврупо ва Осиёи Миёна дар созмони Кумитаи ҳифозат аз хабарнигорон, қабл аз содир шудани ҳукми додгоҳи ҷароими сангини Боку дар мавриди Меҳрализода ва шаш хабарнигори дигар, дар эъломияе гуфт, ки ҳудуди 20 хабарнигори дигар ба айбномаҳои монанд рӯбарӯ ҳастанд.