Каролин Ливет, сухангӯи Кохи Сафед рӯзи 19-уми июн дар як нишасти хабарӣ паёми раиси ҷумҳур Трампро чунин хонд: “Паёми мустақим аз раиси ҷумҳур дорам, ки ба шумо нақли қавл мекунам. Бар асоси ин ҳақиқат, ки музокирот бо Эрон дар ояндаи наздик шояд баргузор шавад ва шояд нашавад. Ман ду ҳафтаи оянда тасмим хоҳам гирифт, ки иқдом кунам, ё на.”
Дар ин миён, Исроил таҳдид кардааст, ки ҳамлаҳои бештарро ба таъсисоти атомӣ ва захираҳои мушакҳои баллистикии Эрон анҷом хоҳад дод.
Вазорати дифои Амрико дар гузашта эътироф кардааст, ки дар маҳви мушакҳои эронӣ, ки ба самти Исроил ҳаракат мекаранд, кӯмак кардааст, вале дар ҳамлаҳо ба Эрон ҳамроҳ нашудааст.
Каролин Ливет дар ин конфронси хабарӣ афзуд, ки раиси ҷумҳур роҳи ҳалли дипломатӣ бо Эронро бартар медонад, аммо ҳадафи аслӣ ин аст, ки Эрон набояд ба силоҳи атомӣ даст ёбад. Дар айни ҳол ӯ таъкид кард, ки раиси ҷумҳур аз истифода аз нерӯ тарсе надорад.
Каролин Ливет ҳамчунин гуфт, ҳаргуна созиш бояд тазмин кунад, ки Эрон аз ғанисозии ураниум даст мекашад ва силоҳи атомӣ намесозад. Эрон ҳамвора гуфтааст, ки барномаҳои атомиаш ҳадафҳои ғайринизомӣ доранд ва дар пайи сохтани бомби атомӣ нест. Айни замон Эрон мегӯяд, ки касе ҳақ надорад, Эронро аз ҳаққи ғанисозии ураниум ва доштани барномаҳои сулҳомези атомӣ маҳрум кунад.
Пештар аз ин нашрияи “Уол Стрит Ҷорнал” аз қавли се манбаи огоҳ гузориш дод, ки Доналд Трамп барномаи пайвастани Амрико ба ҷанги Исроил бо Эрон тасдиқ кардааст ва акнун мунтазир аст, бубинад, ки Эрон аз барномаҳои атомиаш даст мекашад ва ё не. Аммо Доналд Трамп дар паёме дар шабакаи иҷтимоии вобаста ба худаш Truth social навишт, ки “Уол Стрит Ҷорнал намедонад, ки дар зеҳни ман чӣ мегузарад”.
Аз тарафи дигар шабакаи хабарии “Блумберг” аз қавли манобеи огоҳ гузориш додааст, ки мақомоти амрикоӣ барои як ҳамлаи эҳтимолӣ ба Эрон дар чанд рӯзи оянда омода мешаванд. Доналд Трамп қаблан дар сӯҳбате бо хабарнигорон гуфта буд, ки дар пайи ҷанг нест, аммо агар байни ҷангу дастёбии Эрон ба аслиҳаи атомӣ якеро интихоб кунад, кореро интихоб мекунад, ки бояд анҷом диҳад. Исроилу Эрон ҳашт рӯз аст, ки ба ҳамдигар ҳамла мекунанд.
Нахуст Исроил рӯзи 13-уми июн таъсисоти атомӣ ва фармондеҳону раҳбарони олирутбаи эронро ҳадаф гирифт ва сипас Эрон ба ин ҳамлаҳо ҷавоб дод. Як созмони ҳомии ҳуқуқи башар, ки дар Вашингтон қароргоҳ дорад, гуфтааст, ки дар Эрон 657 нафар кушта шудаанд.
Теъдоди талафоти дақиқи исроилиён дар даст нест, вале мақомоти ин кишвар рӯзи 20-уми июн гуфтанд, ки теъдоди кушташудагон дар ҳамлаҳои Эрон ба 25 нафар расидааст.